Сталин ва точикон

 



       Хизмати дохии сурх барои барпои кишвари точикон нихоят бузуруг аст. Хангоме, ки точиконе, чун Файзулло Хочаев, Абдурауф Фитрат, Абдулло Рахимбоев вучуд доштани миллатеро бо номи точик инкор мекарданду дар хизмати пантуркистон камар баста буданд, фарде, ки дар шараёнхояш хуни гурчиву осетиниву яхуди чорист бахри дифои иронинаждодони шарки бархост. Барои чи у дифогари ирониёни шарки шуд? Бисёрихо хадафи сиёсии ин икдомро пеш меоранд, бале, ин хадаф вучуд дошт. Мухолифин Сталинро чун фарди чалласаводе ба омма муаррифи кардани мешаванд, пайваста онро зикр мекунанд,   ки у бо руси бо лахча сухан меронд. Бисёре аз олимони намоёни шурави, ки дар  бунёди лоихахои азими империяи сурх  ширкат варзиданд дар хотирахояшон навиштаанд, ки  мутахайир  буданд, ки  дохи дар мавзуъхои техники  бо онхо баробар гуфтугузор мекард, холо он ки  у чанд сол дар семенарияи дини тахсил кардаасту баст.


Мехрро нисбати ирониёни шарки дар дили Сталин устодаш  эзотерик (донандаи илми гайб) Георгий Гурджиев чой карда буд.  Гурджиев барои аз бар намудани илми гайб ба Бухорои Шариф омада бо дарвешони равияи накшбандия робитаи наздики дошт,  аз шайхони точик сабак  бигигрифт, дертар ба Бухорои Шаркию Афгонистону Тибет сафар кард, форсиро хуб медонист ва аз зиндагии ирониёни шарки огох буд. Сталин ба шарофати устодаш медонист, ки точикон чи миллатанду кадом миссия ба зиммаи онон гузошта шудааст, то имконияти охирин кумак намуд, то точикон зи зери юги туркон берун раванд. Дертар устод Абдулкосим Лохутиро ба Точикистон фристонд, то бахри бунёди кишвари ирониёни шарки хаматарафа кумак кунад.

      Ачибаш  он аст, ки бо он хамаи  хизматхои бузурге, ки Сталин   бахри точикон кард, барои посдошти хотираш ирониёни шарки чизе накарданд. Онон бо тарс ба самти метраполияи собик менигарад, то он чи хохад гуфт. Агар Сталин  барои  яхудиён, чеченхо, калмикхо, немисхои поволже, ингушхо, тоторхо кирим… душман ба хисоб равад барои точикон аз у дустаре набуд ва афсус, ки имруз  точикон поси хотири уро ба чой намеоранд . Пас аз сари Сталин як рохбари  Иттиходи Шурави ва ё Русия ба точикону Точикистон чунин мехр напарваридааст.Агар Сталин намебуд имруз дар Душанбе, Хучанд, Хоруг, Кургонтеппа, Кулоб, Рашт овезахои ба турки навишта шуда биною кучахоро оро медоданду дар маъракахо  бо турки харф мезаданд,  мансабдоронон мекушиданд, то дар шиноснома  хешро бо ахли байт турк бинвисанд то зи мансаб махрум нагарданд…

            Барои чинояткор Сангак,  сарвари лакайхо Файзали,ки  тухми точикро кир карданд хайкалхо мегузоранду оне, ки имкон дод, ки точикон чун кавм зинда бимонанду пораи за замини  аждодиашонро нигох доранд, бахраш чизе накарданд. Агар Сталин намебуд, сионистон хеч гох намегузоштанд, ки ворисони Бухорои Шариф давлати миллии хешро ташкил кунанд.Танхо точике дар Конибодом - Муъмин Додочонов  тавонистааст, ки дар чойхонаи хеш хотираи дохи сурхро пос дорад. Набояд хизмати ононе, ки дар лахзахои вазнинтарин бар миллату кишвари мо хизмат карданд фаромуш бисохт. Устод Абдулкосим Лохути бахри миллати мо хизматхои арзандае карданд, вале муттасифона дар кишвари мо инро ба инобат нагирифтаанд, зеро дар мо хама чизро макону махал халу фасл мекунад ….

                                            Хабиб Саид  март 2011 Кувандык Урали Чануби




Ахмад Зохир - Ahmad Zahir - احمد ظاهر

БУХАРА

Бобочон Гафуров

ГУЛЬШАН, ЗЕБО, ПАМИР

Душанбе

Душмани №1 точик - вируси М

Двоеженец с Кукуя

Любовь на просторах « Долина Любви»

Исфара

Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского...

Махмудчон Вохидов

ИНSАЙТ

НАСРИ НАВИН

Новеллахо

О таджиках и про таджиков

Проза

Садриддин Айни

Айнӣ - Лоҳутӣ - Турсунзода

Таджикистан  в картинках

Таджикская музыка

Таджикская музыка - ретро

Таджики Китая

Танз

ФАРЗОНА

Хоча Ахрори Вали

Хабиб Саид

Хабиб Саид - SoundCloud

ШАШМАКОМ

Итальянец, тетя и Золушка