Фаранчоми гамангези пантуркисте


     Дар вокзали хурдакак чанд нафар  интизори автобус менишастем, дар берун бурон  барфро ба самти дилхохаш меруфту мебурд. Мусофирон андухгин буданд, ки оё дар чунин хаво автобус ба рох  мебарояд ё не. Зеро дар чунин маврид  характи наклиёт катъ мегардад, то мусофирон  курбони сардию туфон нагарданд. Марди саропо барфзеркардае вориди  вокзал гашт, фавран худро назди  батареяи гарм гирифт, аз андомаш аён буд, ки майзадаест ва ё бомже. Вакте  ки каме гарм шуд ба талбидан огоз кард, чавонтаринон  бо танаффур аз наздашон меронданду пирон бошанд  чанд тангае ато менамуданд. Тангаи ман дароз намударо гирифту пахлуям нишаст. Тахмин кардам  у тотор ё бошкирд аст. Сухан огоз карда аз миллатам пурсон шуд, фахмид, ки точикам, гуфт, ки ман низ точикам. Аз тарзи суханрониаш аён буд ки аз узбекхои Точикистон мебошад. Дуру дароз саргузашташро накл намуд. Ба назарам намуд, ки ин чехраро дар кучое дидаам, вале ба хотир оварда наметавонистам, ки дар кучо? Хангоме ки у гуфт, ки дар рохи охан кор мекард, фавран ба хотирам расид, ки дар назди ман ки нишастааст. Пурсидам оё ту фалони нести? Мутахайир ба самтам бингарист…


    Солхои 80  дар бригадаи челонгарони рохи охан кор мекардам. Дар дастаи мо  ду точик ва дигар хама русзабонон буданд. Рохбарияти  рохи оханро  узбекхою русзабонон зери даст доштанд, гохе точикион ба чашм мерасиданд, ки дар мансабхои дуюмин ва сеюминдарача ичрои вазифа мекарданд. Саридораи рохи охан (марказаш дар Тошкант) мекушид, ки кадрхои точикро ба ба рохбария рох надиханд. Дар хобгохи мо ду  точики донишкадаи рохи охани Тошкандро хатм карда мезистанд, онхо натавонистанд дар рохи охан чойгир шаванд, зеро барои ин фазо  бегона буданд. N дар дар корхонаи мо вазифаи усторо ичро мекард, гарчанде, ки маълумоте надошт. Бисёр вакт  назди  русзабонон махсус масъали точиконро мебардошт, бо тамасхур нисбати  хама чизе, ки мансуб ба точику Точикистон буд, сухан меронад. Дуру дароз бо у бахс мекардем, акаи Курбон бошад дашном медод, ки турки курнамак, нону намки Точикистонро хурда калон шудию боз Точикистонро сиёх мекуни… Ман хайрон будам, ки барои чи у точиконро то ин дарача бад мебинад. Гарчанде, модараш точику як тарафи падараш хам точик буд. Бештар бо узбекхои дар атрофи Кенчаев буда (прокурори рохи охан) дусти дошт. Дар руйдодхои феврали хунин атрофиёни N бо гурухи  Якубу устодаш Рауф пайваста (бо супориши Пектел) хамаро ба хун кашиданд. Шунидам, ки  дар солхои хунини 1992 – 93 у бо дустонаш руйихат ва чойи зисти оппозисонерон, рухониён, точикони Бадахшону Раштро ба кассобони  Фронти халки медоданд, то шахрро барои фаъолияти густурдаи пантуркистону ёронашон  пок созанд…
     Аз наклаш бармеояд, ки бародаронаш аз Фронти халки уро  «кидат» карданд. Бо падару модараш хавлиашонро фурухта ба Узбекистон мераванд, вале мансабдорони узбек мачбур месозанд, ки кишварро тарк кунанд. Ба Душанбе баргашта ичоранишин мешаванд.  Пас аз сарсонихои  зиёде  падару модараш аз дунё мегузаранд. Бародару хохарашро ба ихтёри апаш гузошта бахри пулёби рохи Русияро пеш мегирад, бо узбекхои Узбекистон ба савдо машгул мешавад, онхо низ уро «кидат» мекунанд, ба карзи зиёде фуру рафта чанд сол дар сохтумонхо кор карда ба шаробу сабукгарди дода шуда  тадричан ба ба майзада табил меёбаду дигар уро на узбекон на точикон на мардуми махали, намепазиранд. Кунун бо бомжхо пайваст  зиндагиашро бо талбидан дар вайронаю таххонахо пеш мебарад…
    Гайричашдошт автобусро барои ба рох баромадан ичозат доданд. Тангахои бокимондахои дар даст бударо ба собик хамкорам дода ба суи автобус равон гаштам. Соате пас вокзалро мебанданд у аз нав ба чустучуйи чойи гарму пори ноне мепардозад…
     Узбекхои Душанбе чойхои равгании пойтахтро зери назорат доштанд (магозахо, анборхо, дуконхо, ресторанхо, кахвахонахо, ошхонахо) Касе пашшашоро пишт намегуфт, ошашон шавад, бигзор метавонанд кор кунанд вале барои онхо хамаи ин ками кард. Онхо на танхо фазои моли балки фазои сиёсии кишварро хостанд зери назорат бигиранд, кушиданд, ки макоми сарвазирии кишвар ба ихтёри узбекхо (Ю. Эгамбердиев) во гузоранд. Дастпарваронашон аз дохили точикон – Кенчаеву Сангак ливобардори чанги шахрванди гаштанд. Гумон доштанд. ки  бо  силоху сарбозони  Узбекистону
Русия, лакайхои Файзали, арабхо, гуруххои точики Фронти халки, дастахои низомиёни касби (Квачков, Меркулов, Варабёв, Шишлянников, Ашуров, Худойибердиев) сарбозони Дустум (дар самти Фронти халки узбекхои Дустум низ чангидаанд) нияташонро чомаи амал мепушонанду чун Самарканду Бухоро  143 км кв и Сталин ба  ихтёри точикон во гузоштаро низ фуру мебаранду  дигар дар ин сарзамин  садои гуфтугуйи форси ба гуш намерасад… Вале тирашон хок хурд.  Будану набудани миллатеро ва ё кавмеро Худованд муайян месозад на ошпазу кабобпазон.
       Имруз онхоро низ хангоми аз худуди Узбекистон убур кардан, чун точикон зери азобу шиканчаанд, наменигаранд, ки дар шиносномашон узбек навишта шудаасту як кисмашон хатто ба точики харф зада наметавонанд. Кишвари хамсоя онхоро бахри хадафхои сиёсии хеш истифода бурд, имруз ба касе лозим нестанд. Пантуркистон дар аёмаш бо бахона кумак ба республикаи чавон  онхоро  ба ин чо партофтанд, то марказхои асосиро зери назорат дошта бошанд. Бисёр вакт менависанду мегуянд, ки зидияти  точику узбек. Хло он ки зиддият байни точиконе, ки турк шуданду точиконе турк буданд  намехоханд - идома дорад. Супоришгарони асили чанги шахрванди аз самти кишвари хамсоя низ аксарит точиканд ё иронианд ва ё точикзабононанд.  Точиконе, ки турк шуданд, намехонад, ки дигар бародарони туркнашудаашонро точик бубинанд. Аксарияти пантуркистони ашадди аз дохили точикон баромаданд. Точик Файзулло Хочаев ба салтанати зиёда аз хозорсолаи забони форси дар аморати Бухоро хати боитл кашид. Точик Сафарали Кенчавев октябри 1992 бо лашкари узбек Душанберо гасб намуд. Точикон Сангак Сафаров, Якуб Салимов  декабри 1992 зери ливои бегона бо бронитехникаи узбек вориди пойтахти точикон шуданд. 15 точике, ки дар Туркия тахсил карданд, кишвари точикон Бухорои Шарифро пора-пора сохтанд. Имруз дар дохили Точикистон мактабхои зиёди турки амал мекунад,  дастпарварони онон оянда  сиёсати кишварро  дар хамаи зинахо зери назорат  хоханд гирифт  (Холо  дар Интернет амалётхои зидди точикии туркбачахои точик ба чашм мерасанд).  Имруз як кисми точикони Точикистон низ аз точик буданашон руй мегардонанд, худро берун аз кишвар бо номи махали хеш мураррифи намуда бахри дар оянда порашавии кишвар  замина мегузоранд.  Дар мархилахои сангини   миллат бисёр фарзандон аз модари хеш руй мегардонанд. Душманхои хафноктарини точик хамеша аз даруни кавми точик бармехезад. Дар симои бегонагон душманро чустан осон, холо он ки душманон дар дохили миллат ба воя мерасанд.



                                         Хабиб Саид, Урали Чануби, апрели 2011




Ахмад Зохир - Ahmad Zahir - احمد ظاهر

БУХАРА

Бобочон Гафуров

ГУЛЬШАН, ЗЕБО, ПАМИР

Душанбе

Душмани №1 точик - вируси М

Двоеженец с Кукуя

Любовь на просторах « Долина Любви»

Исфара

Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского...

Махмудчон Вохидов

ИНSАЙТ

НАСРИ НАВИН

Новеллахо

О таджиках и про таджиков

Проза

Садриддин Айни

Айнӣ - Лоҳутӣ - Турсунзода

Таджикистан  в картинках

Таджикская музыка

Таджикская музыка - ретро

Таджики Китая

Танз

ФАРЗОНА

Хоча Ахрори Вали

Хабиб Саид

Хабиб Саид - SoundCloud

ШАШМАКОМ

Итальянец, тетя и Золушка