Марги точику Точикистон зи Мургоб огоз мегирад
 
   Хокимиятдорон дар кучахои шахрчаи Мургоб эълонхо овехтаанд, ки ахолиро барои куч бастан ба вилояти Хатлон даъват менамоянд.  Калонтарин нохияи кишвар ки масохаташ аз вилояти Сугд зиёду дар он хамаги 17 хазор ахоли зиндаги дорад ин фазои беодамро бахри ки холи карданианд?  Андешахои коршиносон ки хокимиятдорони бехунару бесаводи мо ки бо шарофати Калашников сохибмансаб гаштанд, омоданд бахри карзхои азими гирифтаашон ки худ онро ба талаву тороч бурдаанд, мункин кисмхои дигари нохияи Мургобро ба савдо заданд.  Асосгузори

заминфуруши(ватанфуруши) дар Точикистон яке аз пирони «хокимияти конститутсиони» Иззатулло Хаёев ба хисоб меравад, зеро у 350 гектар замини Ворухро ба киргизхо хадя карда Ворухро аз Точикистон чудо кард.  Шогирдон бошанд 350  гектар нею  130 000 гектарро бо ду дасти адаб бароварда ба Чин хадя намуданду онро «галабаи бузурги дипломатияи точик» хонданд, 130 000 гектатр( ва ё 1300 км²) ин ду баробари масохати кишваре чун Сингапур(719,1 км²) аст, ки дар он 7 миллиону 437 хазор ахоли зиндаги дорад.  Баъзе сарчашмахо мегуянд ки ин масохати азимро хокимиятдорон ба ивази 500 миллион доллари ба чайбашон гузошта фурухтанд.  Ватанфуруширо ба мардум чун «галабаи дипломатияи точик» муариффи бинмуданд ва яке аз ителлектуаллхои хокимияти конститусиони иброз дошт: агар ин заминро ба Чин намедодем онхо то Хоруг пешрави мекарданд.  Точикистони камзамин нисбати Русия, Казокистон, Киргизистон аз хама зиёд заминашро ба Чин дод.
Русия аз 17 075 400 км² масохаташ - 337 км² замин ба Чин дод
Казокистон аз 2 724 900 км² масохаташ - 407 км² замин ба Чин дод
Киргизистон аз 198 500 км², масохаташ - 12 км² замин ба Чин дод
Тоҷикистон аз 143 100 км² масохаташ - 1300 км² замин ба Чин дод

Бесаводоне ки бо кумаки низомии Елсину Каримов вазиру раис гашта мегуянд, ки ин заминхои холианду арзише надоранд. Агар замин холи бошад, бояд онро хатман ба савдо бизад?  Мошинхои чини шабона бо ичозати хокимиятдорон вориди кишвар мегарданду хокахои маъдандоро бо худ мебаранд.  Киргизхои махали гуё ки пешомадашонро дарк менамоянд тадричан ба Киргизистон куч мебанданд.
Бахри он ки абадан салтанатро дар дасти кабилаи хеш нигох доранд, Точикистони бесохибмондаро пора - пора ба савдо мезанад. Имруз фарзандони Точикистон сарсону саргардону парокандаанд, шароити вазнини зиндаги мачбурашон месозад ки ба Русию дигар кишвархо куч банданду дигар ёди ватани азизашонро накунанд.  Ватани азизи мо, Модари мо бесохибу бехимоятгар бимонд! Душман аз дохил ноаён кабри точику Точикистонро меканад, то кишваре бо номи Точикистон ноаён зи харитаи сиёсии чахон нопадид гардад.
Чинихо мардуми кухану нихоят айёранд, кирдору рафтори  шогирдони Бобои Сангаку Бобои Хайдарро дакик омухтаанд, медонанд ки тудае ки бахри мансаб чони 150 хазор инсонро курбон сохаанд, бахри дифои мансабу манфиати шахсиву кабилавиву махалиашон ба хама гуна хиёнату чиноят омодаанд. Кишварро пайваста ба вартаи карзхои азиме ки ба дарди мардум давое намешаванд (бинохои зебои замони шуравиро валангор намуда иншоотхои азими Осиёи Миёнаву чахонро месозанд, то номашон дар таърих «сабт гардад») тела медиханд. Карзхое ки бахри хариди молу ашёи чини ва бо чойи кор таъмин намудани коргарони чини сарф мешавад.  Коргарони чини дар бозори кори точиконро танг намуда пул кор мекунанду ва чун тухфаи хокимиятдорон - духтарони точикро бо худ мебаранд.  Кишвар ба як вилояти Чин табдил ёфтааст ки сиёсати дохиливу хоричиашро кишвари хамсоя муаян мекунад.  Коршиносон тахмин мекунанд, ки набарди шаддите ки хокимиятдорон бо ислому хизби нахзат мебаранд бо супориши Чин сурат гирифтаасту хамсояи гамхорамон бахри ин амалиёт 80 миллион доллар чудо кардааст.
Яке аз пирони «хокимияти конститутсиони» академик Рахим Масов ки исломбадинишашро хеч гох пинхон намесохт, дид ки шогирдонаш Ватанро пора пора ба савдо месазанд, хешро аз онхо канор гирифт. Вазире ки ватанфуруширо галаби бузурги дипломатияи точик хисобид, пас аз вазифа рафтанаш, хамдехагону хамкабилагонаш дар бораш китобу маколахо навишта ситоишаш карданду заминфурушиашро кахрамони хонда ба яке аз кишвархои бофуз сафир таъинаш карданд.
   Точик ки бо шуури махалгароёнаш ба атроф менигарад хиёнатро хамеша кахрамони мехисобад. Дар маъракае ба мансабдори воломакоме мегуянд ки кори хуб накардетон ки заминро ба хитойихо додетон, фардо афгону узбаку киргиз даъвои замин мекунанд.  Мансабдор мегуяд ки - чи гам мехуретон, замини помирихоро додем, лозим шавад замини ленинободихояшро низ ба саво мезанем…
   Хиёнатхое ки Абдулло Рахибоев ба миллати мо кард, бахри сарварони шахри Хучанд кахрамони ба хисоб мераваду имруз нимпайкараашро дар сафи фарзандони бузурги Хучанд гузоштаанд.  Рузе мерасад, ки хамдехагонашон ба Эмомали Рахмон, Мухаммадсаид Убайдуллоев, Хамрохон Зарифи, Шукурчон Зухуров низ хайкалхо хоханд гузоштанд, зеро онхо 130 000 гектар замини помирихоро ба Чин хадя намуданд. Бахри мансабдорони бо кумаки Калашников ба курсии сарвари нишаста хисси ватандори бегона аст, бахрашон Мургобу Ворух макони гайр ба хисоб мераваду онро замини помирию ленинободи мехонанд.  Ба гуфти як дустам - дар оняда аз Точикистон дехаи «таърихиаш» 6 хазор сола хохад монду дигар хамаро шогирдони  Бобои Сангаку Бобои Хайдар ба савдо хоханд зад.


Хабиб Саид, сентябр 2017, Урали Чануби.







Ахмад Зохир - Ahmad Zahir - احمد ظاهر




БУХАРА




Бобочон Гафуров




ГУЛЬШАН, ЗЕБО, ПАМИР




Душанбе




Душмани №1 точик - вируси М




Двоеженец с Кукуя




Любовь на просторах « Долина Любви»




Исфара




Итальянец, тетя, Золушка, пухленькая гувернантка Жириновского...




Махмудчон Вохидов




ИНSАЙТ




НАСРИ НАВИН




Новеллахо




О таджиках и про таджиков




Проза




Садриддин Айни




Айнӣ - Лоҳутӣ - Турсунзода




Таджикистан  в картинках




Таджикская музыка




Таджикская музыка - ретро




Таджики Китая




Танз




ФАРЗОНА




Хоча Ахрори Вали




Хабиб Саид




Хабиб Саид - SoundCloud




Хабиб Саид - Андешахо...




ШАШМАКОМ




Итальянец, тетя и Золушка
https://www.ljubljuknigi.ru/store/ru/book/%D0%98%D1%82%D0%B0%D0%BB%D1%8C%D1%8F%D0%BD%D0%B5%D1%86,-%D1%82%D0%B5%D1%82%D1%8F-%D0%B8-%D0%97%D0%BE%D0%BB%D1%83%D1%88%D0%BA%D0%B0/isbn/978-3-659-99878-2